Бо ибтикори ҷониби Туркия нимаи дуюми рӯзи 7 сентябр миёни сарони кишварҳои Тоҷикистону Туркия  Эмомалӣ Раҳмон ва Реҷеп Тайип Эрдоган суҳбати телефонӣ сурат гирифт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ибтидои суҳбат сарони ду давлат таманниёти неки худро ба ҳамдигар ба муносибати таҷлили санаи хотирмон дар таърихи муосири муносибатҳои Тоҷикистон ва Туркия - 25-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатии миёни ду кишвари бо ҳам дӯст иброз доштанд.

Гуфта мешавад, дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум як силсила масъалаҳои мубрами дуҷониба ва байналмилалиро мавриди табодули афкор қарор доданд.

Сарвари давлати Тоҷикистон тазаккур дод, ки муколамаи доимии сатҳи олӣ омили муҳими рушду таҳкими пайгиронаи муносиботи байнидавлатии Тоҷикистону Туркия дар шакли дуҷониба ва дар чаҳорчӯбаи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мебошад.

Дар ин замина паймон ҳосил гашт, ки  санаи ташрифи расмии Президенти Туркия ба Тоҷикистон мушаххас хоҳад шуд.

Зимни баррасии масъалаҳои байналмилалӣ сарони ду давлат дар робита ба вазъе, ки нисбат ба ҷомеаи мусулмонон дар кишвари Мянма ба амал омадааст, изҳори нигаронии ҷиддӣ намуданд. Онҳо афзоиши исломбадбиниро дар Мянма ва ҳамзамон  ҳамлаҳои мусаллаҳонаи гурӯҳҳои иртиҷоиро  дар Ракхайн қотеъона маҳкум карданд.

Аз ин лиҳоз ҷонибҳо  ҷиҳати ҳалли одилонаи ҳама гуна низоъҳои этникӣ ва мазҳабӣ  сирф бар асоси муколамаи мусолиҳатомез изҳори ақида намуда, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват ба амал оварданд, то бо истифода аз воситаҳои муассир пеши роҳи чунин зуҳуроти хатарзо гирифта шавад.

Суҳбати телефонии сарони ду давлати дӯст дигар мавзӯоти мавриди таваҷҷуҳи ҷонибайнро низ фарогир буд.