Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ҷиҳати анҷоми сафари давлатӣ ва иштирок дар Ҳамоиши IX сарони давлатҳои узви БРИКС ба Ҷумҳурии Мардумии Чин раҳсипор шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти ҶТ оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони рушди иқтисод ва савдо, энергетика ва захираҳои об, маориф ва илм, молия, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, президенти академияи илмҳо ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Нишасти БРИКС (гурӯҳи иборат аз 5 кишвар: Бразилия, Русия, Ҳиндустон, Чин ва Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ) дар шаҳри Сямени Чин баргузор мешавад. Як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ ба «Азия-Плюс» иттилоъ дод, ки дар ҳошияи кори ин нишаст дидору гуфтушунидҳои сарвари давлати Тоҷикистон бо ҳамтоҳои хориҷиаш пешбинӣ мешавад.

Ба ҷуз иштирок дар кори нишасти БРИКС ва дидору гуфтушунидҳо дар чаҳорчӯби он, дар назар аст, ки Эмомалӣ Раҳмон бо сарвари давлати Чин масъалаи ҷудо шудани грант барои сохтмони маҷмааҳои бинои парлумон ва ҳукуматро низ баррасӣ хоҳад кард.

Қобили зикр аст, ки палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон санаи 23 август Ёддошти тафоҳум ва ҳамкорӣ миёни Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ ва Вазорати тиҷорати Чинро дар бораи арзёбии фанниву иқтисодии лоиҳаҳои сохтмони биноҳои нави парлумон ва ҳукумати ҷумҳурӣ тасдиқ намуд.