Нимаи ҳамин моҳ (13-16 январ) як ҳайати Ҳизби коммунисти Чин таҳти сарварии муовини дабири кулли кумитаи доимии Маҷлиси умумучинии вакилони мардумӣ Шен Чуняо ба Тоҷикистон ташриф меорад.

Усмон Солеҳ, мудири шӯъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Дастгоҳи КИМ ҲХДТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ҳадафи сафари коммунистони Чин ба Тоҷикистон таҳкими ҳамкориҳо бо Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ва омӯзиши таҷрибаи ҳизби ҳокими кишвар дар кор бо интихобкунандагон аст.

«Дар Китобхонаи миллӣ вохӯрии муовини аввали раиси ҲХДТ Саидмурод Фаттоҳзода бо коммунистони Чин баргузор шуда, дар он роҳу воситаҳои густариши харчи бештари робитаҳои ҳарду ҳизб баррасӣ мешаванд», - гуфт ӯ.

Зимнан зикр гардид, ки ҳайати коммунистни Чин ҳамчунин бо макони таърихиву фарҳангии Душанбе аз наздик ошно гардида, аз Қалъаи Ҳисор низ боздид хоҳад кард.

Қобили зикр аст, ки айни замон ҲХДТ бо ҳизбҳои ҳокими Русия - «Единая Россия», Қазоқистон - «Нур Отан», Озарбойҷон - «Ени Озарбойҷон» ва Ҳизби коммунисти Чин ҳамкориҳои пурсамар ба роҳ мондааст.

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон соли 1994 таъсис ёфта, айни замон шумори аъзои он беш аз 480 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Раиси ҳизб президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст. Наздики 40%-и аъзои ҲХДТ ҷавонон мебошанд. Аксари аъзои ҳукумат, вакилони палатаи поёнии парлумон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоят ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ аъзои ҲХДТ мебошанд.