Дар бағочи мусофири хатсайри ҳавоии Хуҷанд - Маскав 6 адад тангаҳои мисии замони Русияи подшоҳӣ, ки дар эъломия зикр нагардида буданд, дарёфт шуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ, дар бағочи сокини 23-солаи шаҳри Конибодом А.Х. дар фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд кормандони гумрук як тангаи панҷтинаи замони подшоҳии Екатерина II, истеҳсоли соли 1767 ва 4 тангаҳои мисии истеҳсоли солҳои 1738, 1744, 1751 ва 1753-ум, ҳамчунин тангаи 1-тинии истеҳсоли соли 1879-ро дарёфт кардаанд.

Ӯ тангаҳоро дар бағочи худ бидуни зикр дар эъломия ба хориҷи кишвар бароварданӣ шуда, зимни муоинаи гумрукӣ дар хатсайри Хуҷанд - Маскав боздошт шудааст.

Гуфта мешавад, мувофиқи хулосаи экспертизаи таърихии фарҳангии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ҳамаи 6 адад сиккаҳои фулузии гуногунандозаи мисранг, дорои арзиши нумизматикӣ ва осорхонавӣ буда, ба категорияи арзишҳои таърихию фарҳангӣ дохил мешаванд.

Зикр мегардад, ки нисбат ба шаҳрванд А. Х. бо моддаҳои 32, қ. 3 ва 289 қ. 3-и Кодекси ҷиноятии ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Қобили зикр аст, ки айни замон дар Тоҷикистон мурофиаи судӣ нисбати шаҳрванди Русия Татяна Хужина ҷараён дорад, ки ӯ низ ба қочоқи тангаи 2-тинаи замони Русияи подшоҳӣ гумонбар дониста мешавад.