Дар Суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии судӣ оид ба баррасии парвандаи ҷиноӣ нисбати шаҳрванди Русия Татяна Хужина ба гумонбарии қочоқи танга доир гардид.

Баъди анҷоми ҷаласа адвкоати айбдоршаванда Рустам Ҳакимов ба «Азия-Плюс» изҳор намуд, ки дар мурофиа баёноти шоҳидон - коршинос, намояндаи Вазорати фарҳанг ва корманди Хадамоти гумруки Тоҷикистон шунида шуд.

Адвокати Татяна Хужина
Asia-Plus

«Коршиноси Вазорати фарҳанг Дилафрӯз Назарова зикр кард, ки мутобиқи меъёрҳои қонун, танга, расм, китоб ва дигар предметҳое, ки 50 сол пеш ё зиёда аз он таҳия ё нашр шудаанд, дорои арзиши таърихию фарҳангӣ, нумизматикӣ (сиккашиносӣ) ва осорхонавӣ буда, барои интиқоли чунин предметҳо тариқи сарҳад иҷозатномаи дахлдори Вазорати фарҳанг зарур аст», - гуфт адвокати Хужина.

Ба қавли адвокат, Хужина ва шоҳидон баёнот додаанд, ки дар амалҳои ӯ тамаъҷӯӣ вуҷуд надошта, ин тангаро ӯ ҳамчун хотира аз модараш нигоҳ медоштааст.

«Ҳарчанд надонистани қонун шахсро аз масъулият озод намекунад, вале мо умедворем, ки суд ҳама ҳолатҳои сабуккунанда, аз ҷумла надонистани қоидаҳои ҳамлу нақли предметҳои дорои арзиши таърихию фарҳангӣ, надоштани нияти фурӯхтани он бо назардошти нархи хеле пасти он дар бозор, аз ҷониби Хужина бори аввал содир шудан ин амал ва муҳимаш духтарчаи хурдсол доштани ӯро ба инобат гирифта, ҳукми инсонпарварона ва боадолат содир мекунад», - гуфт адвокати зани русиягӣ.

Мушовири шуъбаи консулгарии сафорати Русия дар Тоҷикистон Александр Самартсев, ки дар мурофиа ҳузур дошт, изҳор намуд, ки тангаи мисии дутинаи аз Хужина дарёфтшуда «арзиши нумизматикӣ надошта, дар ҳолати бад қарор дорад, навиштаҳо намоён нестанд ва нархи он аз рӯи феҳристи Краузе аз 2 то 4 долларро ташкил медиҳад.

Мушовири шуъбаи консулгарии сафорати Русия дар Тоҷикистон Александр Самартсев
Asia-Plus

Дипломати рус иттилоъ дод, ки Татяна Хужина бо адвокат ва тарҷумон таъмин буда, айбдоршаванда дар боздоштгоҳ қарор надорад, вале ӯ ва духтараш аз ҷараёни мурофиа нишаронӣ доранд. «Мо ба қарори воқеъбинона ва мунсифонаи суд бовар дорем», - гуфт ӯ.

Мурофиаи навбатӣ оид ба баррасии парвандаи мазкур ҳафтаи оянда дар назар аст.

Ёдрас мекунем, ки охири моҳи июн Хадамоти гуруки Тоҷикистон хабар дод, ки шаҳрванди Русия Татяна Хужинаи 41-сола барои кӯшиши аз қаламрави Тоҷикистон баровардани тангаи дутинаи мисини истеҳсоли соли 1823 боздошт шудааст.