Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон салоҳияти санҷиши кори дафтари созмонҳои байналмилалӣ, ташкилоти ғайридавлатӣ ва ҳизбҳои сиёсиро ба даст овард.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, ин амр дар пайи ворид шудани тағйироти нав ба қонун "Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия" ба иҷро даромаданд, ки салоҳиятҳои Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистонро бештар мекунад.

Бино ба ин тағйиру иловаҳо, ки ба моддаи 5-уми ин қонун ворид карда шуд, Агентии зиддифасод ҳамакнун аз салоҳияти нави "таҳлил ва баҳодиҳии хавфҳои корупсионӣ", бархӯрдор шуд.

Акнун ин Агентӣ ҳақ дорад, натанҳо дар идораву муассисисаҳои давлатӣ, балки дар дафтари созмонҳои байналмиллалии муқими Тоҷикистон, ташкилоти ғайридавлатӣ, ки умдатан аз ҳисоби грантҳои созмонҳои байналмилалӣ ба сар мебаранд ва ҳамчунон ҳизбҳои сиёсӣ тафтиш гузаронда, “хавфҳои коррупсионӣ”-ро дар онҳо санҷад.

То ба ҳол, Агентии зиддифасоди Тоҷикистон аз салоҳияти тафтиши дахлу харҷ ва умури корбарии идораҳои давлатӣ ва дурустии масрафи пулҳои будҷа бархӯрдор буд.

Тавре қаблан хабар дода будем, вазорату идораҳои ҷумҳурӣ уҳдадор шуданд, ки аз рӯи натиҷаҳои сол дар бораи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ ба Агентӣ ҳисоботи муфассал пешниҳод кунанд. Дар ҳар кадоме аз вазорату идораҳо гурӯҳҳо оид ба арзёбии хавфҳои коррпусионӣ таъсис дода мешаванд, ки намояндагони Агентии зиддифасод низ ба онҳо шомил мегарданд.