Президент нарм нагуфт, аммо...

Аз авҷи ин тамоюли нораво охири соли гузашта Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи паём ба Маҷлиси Олӣ изҳори нигаронӣ кард. Бо зикри ин, ки сатҳи коррупсия дар фаъолияти мақомоти судӣ баланд мебошад, ӯ иттилоъ дод, ки баҳри таҳкими мустақилии ҳокимияти судӣ давоми сол тадбирҳои муайян амалӣ шуданд.

«Шӯрои адлия барҳам дода шуд ва масъалаҳои вобаста ба интихобу ҷобаҷогузории кадрҳо, баланд бардоштани сатҳи касбияти судяҳо ба зиммаи Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ вогузор гардиданд», - афзуд Президент ва мақомоти судиро муваззаф кард, ба вазифаи судя ҳамеша номзадии он ҳуқуқшиносонеро пешниҳод кунанд, ки дорои дониши хуби назариявӣ, таҷрибаи кофии касбӣ ва ахлоқу рафтори намунавӣ ҳастанд.

Аммо камбуду норасоиҳое, ки дар натиҷаи тадқиқи мо аз 5-уми январ то 24-уми феврали соли 2017 дар Суди вилояти Хатлон дар минтақаҳои Қӯрғонтеппаю Кӯлоб, судҳои шаҳру навоҳии Кӯлоб, Қӯрғонтеппа, Сарбанд, Ҷалолиддини Балхӣ, Дӯстӣ, Ҷайҳун, Панҷ, Қубодиён, Хуросон ва Абдураҳмони Ҷомӣ мушоҳида шуд, касбияти иддае аз судяҳоро зери суол бурд. Ба ақидаи бисёр ҳолдонҳо, маҳз ҳамин гуна ноҷӯриҳо гоҳо монеи пешрафту шаффофияти кори мақомоти судӣ мешаванд.


«Мушкилосонкун касон» ку?

Зимни пайгирии мавзӯъ мо рӯйхати мурофиаҳои дар ҳамон рӯзҳо баррасишавандаро, ба ғайр аз Суди вилояти Хатлон дар минтақаи Қӯрғонтеппа, дар эълонтахтаҳои судҳои ҳеҷ шаҳру навоҳии дигар пайдо карда натавонистем. Ҳайратангез ин аст, ки қабл аз наззораи дохили биноҳо аз ҷониби муаллифони матлаб, ҳама раисони судҳо аз ҷой доштани он гуна рӯйхат дар лавҳаҳои иттилоотияшон хабар медоданд.

Эълонтахтаи холии Суди ноҳияи Дӯстӣ (собиқ Ҷиликӯл)

Ин дар ҳолест, ки ба қавли муовини аввали раиси Суди вилояти Хатлон Темур Бойзода, онҳо дастури Суди Олиро ба инобат гирифта, раисони судҳои тамоми шаҳру навоҳиро барои насби чунин рӯйхатҳо муваззаф карда буданд.

«Агар рӯйхат дар ҷойи намоён овезон бошад, шаҳрвандон сарсон нашуда, дари ҳар як судяро накӯфта, вобаста ба кай ва аз тарафи кадом судя баррасӣ шудани парвандаи мавриди таваҷҷуҳашон зуд маълумот пайдо карда метавонанд», - шарҳ дод вай.

Хунукназарие, ки 57 рӯз давом кард

Мувофиқи кодексҳои мурофиавии ҷиноятӣ ва маъмурию граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, баъд аз эълони ҳукм, ҳалнома ё таъйиноти судӣ нусхаи бо асл баробари он бояд дар давоми 5 шабонарӯз ба дасти тарафҳо супурда шавад. Дар сурати сари вақт дастрас нагардидани санадҳои мазкур маҳкумшуда, ҳимоятгар ё хешу табори ӯ, даъвогар ва дигар ҷонибҳои ба парванда расман дахлдор метавонанд доир ба ин бемасъулиятии раисикунандаи мурофиа ба мақомоти марбута шикоят баранд. Дар робита ба ин кулли мусоҳибон, яъне раисони судҳои аксар шаҳру навоҳии вилоят кӯшиданд, то моро мутмаин созанд, ки дар мақомоти зери роҳбарии онҳо ягон дафъа ҳолати вайрон кардани муҳлати муайяншуда ба мушоҳида нарасидааст.

- Ҳукм, ҳалнома ва ё таъйиноте, ки аз тарафи судяҳо қабул мешаванд, сари вақт дар ихтиёри ҷонибҳо вогузор мегарданд, - гуфт раиси Суди ноҳияи Хуросон Абдулқодир Маҷидзода.

Муовини раиси Суди шаҳри Кӯлоб Ҷамшед Аҳмадзода низ иброз дошт, ки тӯли як соли охир вобаста ба дер ё тамоман дастрас нашудани санадҳои мазкур ба ниҳоди онҳо ҳеҷ арзи хаттӣ ё шифоҳӣ ворид нагардидааст.

Собиқ раиси Суди ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Рустам Мирзозода (ҳоло раиси Суди вилояти Хатлон) низ сухани ҳамкасбонашро такрор кард.

Ин дар ҳолест, ки адвокати маслиҳатхонаи ҳуқуқии шаҳри Қӯрғонтеппа Фарҳод Тоиров ҳангоми суҳбат бо мо аз як ҳолати нақзи ҳуқуқи зерҳимояаш аз тарафи Суди ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, ки боиси ташвиши зиёд шудааст, гила кард.

«Суди он ноҳия 28-уми сентябри соли 2016 вобаста ба парвандаи граждании ба даъвои Нуқра Эмомқулова ва Маҳсиддиновҳо алоқаманд бо мақсади рӯёнидани қарз ҳалнома баровард. Вале на дар муҳлати муайянкардаи қонун, балки пас аз 37 рӯз, яъне 2-юми ноябри соли 2016 фақат иқтибос аз ҳалнома ба дасти зерҳимояи ман супурда шуд. Гузашта аз ин, суд аз нафаҳмидани зерҳимояам истифода карда, аз ӯ дар хусуси гирифтани нусхаи гӯё комили ҳалнома дастхату имзо гирифт. Хостем шикояти касатсионӣ пешниҳод кунем, лекин аз рӯйи ин иқтибос шикоят навиштан ғайриимкон буд. Биноан, мо аз болои рафтори кормандони Суди ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба Суди вилояти Хатлон, Суди Олӣ ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ шикояти пешакӣ бурдем. Аҷиб ин аст, ки дар асоси ҳамон шикояти пешакии мо бо як мактуби раиси Суди ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ аз 8-уми декабри соли 2016 парвандаро ба суди вилоят ирсол карданд, ки ин хилофи талаботи Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон аст», - гуфт адвокат Фарҳод Тоиров ва афзуд, ки бо гузашти 57 рӯз ниҳоят ба онҳо гирифтани нусхаи пурраи ҳалнома муяссар шуд.

- Ба андешаи ман, дар бобати сари вақт дарёфт накардани санадҳои судӣ на фақат судяҳо, балки шаҳрвандон низ гунаҳкоранд. Азбаски дониши ҳуқуқии онҳо хеле заиф аст, баъзан худашон ҳукму ҳалномаю таъйинотро бармаҳал гирифта наметавонанд, - изҳор дошт коршиноси масоили ҳуқуқӣ Умед Ниёзов, ки собиқаи кории 13-сола дорад.

«Ҷой нест!» – Баҳона ё воқеият?

Моддаи 273-и Кодекси мурофиавии ҷиноятии ҶТ ва қисми 7-и моддаи 11-и Кодекси мурофиавии граждании ҶТ иштироки шаҳрвандон ва намояндагони васоити ахбори оммаро дар замони баррасии парвандаҳои дар маҷлисҳои ошкоро суратгиранда кафолат додааст. Оё ин ҳуқуқи онҳо аз ҷониби судяҳо риоя мешавад?


Дар посух ба ин суол Иззатулло Таварзода ва Темур Бойзода, муовинони раиси Суди вилояти Хатлон дар минтақаҳои Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа изҳор доштанд, ки ҳар шахсе хоҳад, метавонад бемонеа иштирок кунад.

Аммо нақли Маъруф, як сокини минтақаи Қӯрғонтеппа, ки бо хоҳиши ӯ номаш иваз шудааст, иддаои ҳар ду мусоҳиби моро то андозае зери шубҳа гузошт.

- Моҳе қабл дар мурофиаи судии ошкорои як шиносам ширкат кардан хостам. Мисли ман хоҳишмандон зиёд буданд. Вале маъмурони милиса ва суди вилоят бо баҳонаи он, ки толори суд хурд асту ҳамагӣ 15-20 нафарро меғунҷонад, моро даромадан намонданд, - гуфт Маъруф.
Мурофиаи ошкоро дар Суди вилояти Хатлон

Дар мавриди иҷозаи намояндагони ВАО ба мурофиаҳои ошкоро Орзуи Карим – хабарнигоре, ки бештар аз минтақаи Қӯрғонтеппа моҷароҳои судиро инъикос мекунад, аз як мушкили бо ӯ рухдода ёдовар шуд: «Соле қабл вақте парвандаи пурсарусадои раиси бозори "Ином"-и ноҳияи Шаҳритӯс дар суди вилоят ошкоро баррасӣ мешуд, хостем аз ҷараёни он гузориш омода кунем. Мутаассифона, кӯшишҳои мо барои вориди толор шудан бенатиҷа анҷом ёфт. Ва фақат дар қисмати эълони ҳукм иҷозаи вуруд дарёфт кардем». Вай афзуд, ки феълан ҳамкории мақомоти судӣ бо рӯзноманигорон, бахусус, дар самти мубориза бо экстремизму терроризм хеле беҳбуд ёфтааст.

- Хушбахтона, имрӯзҳо раисони судҳои минтақаи Кӯлоб аз додани маълумоти зарурӣ сар намепечанд ва ба иштироки мо – хабарнигорон дар мурофиаҳои судии ошкоро монеъ намешаванд, - тазаккур дод рӯзноманигори муқими Кӯлобшаҳр Маҳмудҷон Раҳматов. - Вале дар судҳои бархе аз навоҳии дурдаст чунин мушкилот ҳоло ҳам пеш меояд.

Суди ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

Коршинос Умед Ниёзов бо зикри ин, ки иштироки бечунучарои хоҳишмандон дар мурофиаҳои ошкоро гувоҳи кори шаффофи мақомоти судӣ буда метавонад, аз ҷумла, чунин гуфт: «Ашхосе ҳастанд, ки бо мақсади огоҳ шудан, чизе навиштану тасвир кардан ва донишу таҷриба андӯхтан майли иштирок дар мурофиаҳои ошкоро доранд. Инҳо хешу табор, ҳаққу ҳамсояи судшаванда, журналистону нависандагон ва муҳассилини факултаи ҳуқуқ мебошанд. Чунин имконро ба онҳо бояд дод. Ин ҳеҷ бадӣ надорад».

Судя робот нест!

Бо вуҷуди он, ки вилояти Хатлон яке аз сераҳолитарин вилоятҳои кишвар ба ҳисоб меравад, дар аксар шаҳру навоҳии он бо шумули раиси суд аз 2 то 4 судя фаъолият мекунаду бас.


Аз суҳбати раисони бархе аз судҳо дарёфтем, ки ҳар як судя дар соли 2016 ҳадди ақалл 400 ва ҳадди аксар 600 парвандаи ҷиноятию маъмурӣ ва гражданию оилавиро баррасӣ кардааст. Агар ҷамъи умумии парвандаҳои вазнин, яъне ҷиноятии соли гузашта баррасишударо ба ҳар як судяи шаҳру навоҳии вилоят тақсим кунем, дар як моҳ сетоӣ рост меояд, ки ин бояд масъулонро ба ташвиш орад.


- Дар Суди ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ се судя фаъолият мекунад, - гуфт Рустам Мирзозода, собиқ раиси додгоҳи мазкур. - Ин се нафар соли гузашта дар маҷмуъ 1 ҳазору 979 парвандаро баррасӣ карданд, ки 300 адад аз соли 2015 зиёд мебошад. 

Қосим Нуруллозода, раиси Суди ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ изҳор дошт, ки аз теъдоди рӯзҳои кории тақвимӣ зиёдтар баррасӣ кардани парвандаҳои гуногун метавонад ба сифати кори судяҳо латма занад. Ба гуфтаи ӯ, соли гузашта чаҳор судяи ин ноҳия 2060 парванда баррасӣ карданд, ки ба як нафар 515-то рост меояд.

Дар ҳамин ҳол, ба қавли муовини аввали раиси Суди вилояти Хатлон Темур Бойзода, барои баррасии парвандаҳо дар қонунгузории Тоҷикистон ягон меъёри дақиқ пешбинӣ нашудааст. Вай афзуд: «Барои он ки судяҳо гирифтори сарборӣ нашаванд, раиси суд вазифадор аст, парвандаҳоро миёни онҳо дуруст тақсим кунад. Вақте судя аз ҳадди имкону тавон бештар фаъолият мекунад, ин албатта, ба кори баровардани санади босифати судӣ таъсири манфӣ мерасонад».

Хокпошӣ ба чашми кӣ?

Ҳукумати ҶТ бо тасвиби «Тартиби талаботи ягона барои веб-сайт ва шабакаи маҳдуди баҳисобгирии мақомоти идораи давлатӣ» ҳанӯз дар соли 2011 кулли ниҳодҳоро муваззаф карда буд, ки ба низоми ҳукумати электронӣ гузаранд ва ба хотири иттилоотонии зудҳангоми мардум сомонаҳои расмӣ таъсис диҳанд. Мақомоти судӣ аз масъулияти иҷрои ин санади расмӣ истисно нестанд. Агар судҳои навоҳии Абдураҳмони Ҷомӣ, Вахш, Бохтар ва чандтои дигар ҳанӯз сомонаи худро фаъол накарда бошанд, пас, сомонаҳои гурӯҳе аз ноҳияҳо аз рӯзи ифтитоҳ то кунун ягон маълумот надоранд.

Торнамои нофаъоли Суди ноҳияи Ёвон

Фаъолтарин сомона аз суди вилоят (www.sudikhatlon.tj) ва шаҳри Кӯлоб (www.sudikulob.tj) аст, ки навгониҳои моҳи феврали соли 2017 дар онҳо ҷой дода шудаанд. Қисмати ками сомонаҳо, ба ҷуз иттилооти нимаи аввали соли 2016, дигар чизе барои хондан надоранд.

1/12

Паҳлӯи дигари масъала ин аст, ки дар сомонаҳо ба рафти баррасии парвандаҳо равшанӣ андохта нашуда, пешниҳоди рӯйхати онҳо ба ёди касе наомадааст.

Номи қаблии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ низ дар сомонаи мақоми татбиқкунандаи қонун – суди ноҳия (www.sudijrumi.tj) ҳанӯз иваз нашудааст.

Торнамои Суди ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо номи қаблии ин мавзеъ

- Агар судҳо сомона дошта бошанд ва дар онҳо тамоми маълумоти махфинабуда гузошта шаванд, ҳам кори онҳо осон мешавад ва ҳам шаҳрвандон дар идораи суд вақти худро зоеъ намекунанд, - бовар дорад коршинос Умед Ниёзов. - Ва агар рӯйхати парвандаҳои баррасишаванда низ дар сомонаҳо нашр шаванд, тарафҳо ва дигар нафарони таваҷҷуҳдошта замони баррасии парвандаҳо ва раисикунандаи мурофиаро ба осонӣ муайян карда метавонанд. Ин тарзи корбарӣ аллакай дар тамоми кишварҳои пешрафта мавриди амал қарор дорад.

Агар роҳбарон кӯшиш кунанд...

Он мушкилоте, ки зикрашон рафт, дар назар буд, дар доираи ду барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ, ки муҳтавои асосияшон аз таъмини қонунияту адолат ва такмили кори мақомоти судӣ иборат аст, дар давоми солҳои 2011-2017 пурра рафъ гарданд.

Аммо аз натиҷаи тадқиқи мо бармеояд, ки ин санадҳо то ҷое камтаъсир будаанд. Пас, роҳбарони мақомоти судиро зарур аст, таъкиди Сардори давлатро ба инобат гирифта, зимни интихоби кадр ба донишу таҷриба ва рафтори касбӣ авлавият диҳанд ва ҳам дар фаъолияти худ масъулиятшиносӣ, беғаразӣ ва серталабиро ҷиҳати таъмини шаффофият дар ҷойи аввал гузоранд.