Сокини 44-солаи ноҳияи Варзоб ба суиқасд ба куштор ва оташзании хона гумонбар дониста мешавад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, номбурда дар хонаи истиқоматиаш аз сабаби муноқиша бо ҳамсараш, зани 38- бо корд қисми болои пусти гулӯяшро бурида, баъдан, аз ин кирдораш қаноатманд нашуда, хонаашро оташ задааст.

Гуфта мешавад, дар натиҷа зану мард ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудаанд. Дар натиҷаи сӯхтор молу ашёҳои хона дар масоҳати 120-метри мураббаъ сӯхта нобуд шудааст. Зарари расонидашуда 35000-сомониро ташкил медиҳад.

Зимнан зикр мегардад, ки оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.