Рӯзи 12 сентябр дар шаҳри Маскав ҷасади ҷавонзане дарёфт шуд. Дар ҷисми ӯ осори тозаи захмҳои буридаву шикаста ба мушоҳида мерасиданд, ки бар асари онҳо ҷавонзан дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида буд.

Шабакаи телевизионии «360» иттилоъ дод, ки ҷавонзани кушташуда мавриди рашки ҳамсараш қарор гирифта, мард ба ҷисми зан бо корд дастикам 10 зарба задааст.

Дар маълумотҳои аввал қайд мешуд, ки ин оила аз Қирғизистон ба Маскав омадааст, аммо баъдтар ВАО хабар доданд, ки онҳо зодагони Тоҷикистон мебошанд.

Тибқи маълумоти АКИpress, корманди сафорати Қирғизистон дар Маскав бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи маҳаллӣ ва хешовандони марҳум дар тамос шуда, онҳо тасдиқ кардаанд, ки ҷавонзан ва ҳамсари ба куштор гумонбаршудаи ӯ шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд.

Дар сафорат илова кардаанд, ки ин оила охирин бор тариқи Қирғизистон ба Маскав омадаанд. Ному насаби ҷавонзани кушташуда ва ҳамсари ба ин куштор гумонбари ӯ ифшо намешавад.

Лаҳзаи кушторро камераҳои видеоӣ сабт кардаанд. Наворро паблик HUE нашр кардааст. Дар навор дида мешавад, ки куштор пеши чашмони роҳгузаре ба вуқӯъ пайваста, ӯ ба ин амал аҳамият намедиҳад ва бепарво аз назди онҳо мегузарад. Қотил ҳамсари ба хуни оғӯштаашро партофта, аз ҷойи ҳодиса фирор мекунад.