Сардори Сарраёсати гумруки Вазорати молияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҷаноби Аҳмад Решад Попал ва ҳайати ҳамроҳон ба Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ, дар доираи сафари мазкур, вохӯрии Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори хадамоти гумрук Каримзода Хуршед Абдураҳмон бо Сардори Сарраёсати гумруки Вазорати молияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҷаноби Аҳмад Решад Попал баргузор гардид.

Дар рафти мубодилаи афкор Каримзода Хуршед Абдураҳмон ва Аҳмад Решад Попал паҳлуҳои нави ҳамкориҳои афзалиятноки дуҷонибаро баррасӣ намуданд. Сардори Хадамоти гумрук меҳмонони гиромиқадрро барои ташрифашон ба Хадамоти гумрук ва Ҷумҳурии Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, иброз дошт, ки вохӯрии кории дуҷониба байни намояндагони мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон пурсамар хоҳад буд.

Аз ҷумла изҳор намуд, ки: «Муносибатҳои дуҷониба байни Ҷумҳурии Тоҷиикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ, дар асоси Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оид ба ҳамкорӣ ва ёрии байниҳамдигарӣ дар фаъолияти гумрукӣ аз 26 марти соли 2014, ба роҳ монда шудааст. Маҳз ҳамин санади ҳуқуқии мазкур шароит фароҳам овард, ки гардиши тиҷорати хориҷӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар сатҳи дахлдор ташаккул ёбад.

Сардори Хадамоти гумрук ба Сардори Сарраёсати гумруки Вазорати молияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҷаноби Аҳмад Решад Попал ва ҳайати ҳамроҳон барои ҳамкории самарабахш изҳори миннатдорӣ намуда, қайд кард, ки Хадамоти гумрук ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳои гумрукӣ бо истифода аз тамоми захираву имконоти мавҷуда, кушиш ба харҷ дода, барои густариши минбаъдаи муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон заминаи мусоид фароҳам меоварад.

Дар навбати худ Аҳмад Решад Попал аз сатҳ ва раванди ҳамкориҳои дуҷонибаи мақомоти гумруки Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, изҳори қаноатмандӣ намуда, барои пазироии хуб миннатдорӣ изҳор намуд.

Сафари кории ҳайати расмии мақомоти гумруки Ҷумҳурии Исломии Афғонистон то 5 декабри соли 2018 идома ёфта, боздиди Сардори мақомоти гумруки Афғонистон аз дидбонгоҳҳои наздисарҳадии «Панҷи Поён» ва «Кокул» - и Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон дар назар аст.