Байни ҳукумати Тоҷикистон, ширкати тоҷикистонии “Авесто Групп” ва ширкати Ulasim Ic Ve Dis Ticaret Anonim Sirketi-и Туркия созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расида, он ҷиҳати тасдиқ ба палатаи поёнии парлумон фиристода шуд.

Дар Созишнома сохтмони корхонаи истеҳсоли нақлиёти мусофирбару боркаш ва корхонаи хизматгузории техникӣ ба маҳсулоти истеҳсолшуда пешбинӣ гардида, лоиҳа аз ҷониби корхонаҳои муштараки Тоҷикистону Туркия «Акиа Авесто Автоматив Индастри» ва «Сити Сервис Лтд» амалӣ мешавад.

Ҳаҷми умумии сармоягузорӣ баҳри бунёди ин корхонаҳо 20 млн. долларро ташкил дода, маблағгузорӣ баробар – 10 млн. долларӣ аз ҷониби ширкатҳо сурат мегирад.

Сохтмони корхонаҳо давоми як сол пас аз ҳукми қонунӣ гирифтани санади баимзорасида, яъне тасдиқи он аз ҷониби парлумон бояд ба итмом расад.

Қаблан зикр гардида буд, ки дар доираи созишномаи баимзорасида корхонаи истеҳсоли автобусу нақлиёти боркаш ва ҳамчунин марказҳои хизматрасонии воситаҳои нақлиёти истеҳсолшуда сохта мешавад.

Иқтидори солонаи корхонаи муштараки «Акиа Авесто Автоматив Индастри» истеҳсоли 250-300 автоубусро ташкил медиҳад. Дар давраи аввал баъди ба истифода додани корхона дар он 240 нафар машғули кор хоҳанд шуд, ки мувофиқи созишнома, 80% (на камтар аз 200 нафарашон)-ро бояд шаҳрвандони Тоҷикистон ташкил диҳанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.