Қурби расмии доллар нисбати сомонӣ тайи шабонарӯзи ахир қариб ба андозаи 2,7 фоиз боло рафт. Дар нуқтаҳои мубодилаи асъори бонкҳои тиҷоратии кишвар низ аз рӯзи сешанбе қурб дар ҳамин сатҳ қарор гирифтааст.

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) қурби расмии 1 доллари иМА-ро ба имрӯз, 12 июл дар сатҳи 9,4200 сомонӣ муқаррар намуд. Як рӯз пеш қурьби 1 доллар ба 9,1752 сомонӣ баробар буд.

Қурби расмии доллар нисбати сомонӣ, ки аз ҷониби Бонки миллӣ муқаррар мешавад, баъди ҷаҳиши босуръати қурби асъори амрикоӣ дар бонкҳои тиҷоратӣ боло рафт.

Рӯзи чоршанбеи ҳамин ҳафта, як доллар дар нуқтаҳои мубодилаи бонкҳо ба 9,43 сомонӣ иваз мешуд ва ин ҳам дар ҳолест, ки як рӯз пеш барои он 9,18 сомонӣ талаб мекарданд.

Дар Бонки миллӣ яке аз сабабҳои ин ҳолатро БМТ боқӣ мондани бақияи манфии тавозуни савдои ҷумҳурӣ (фарқияти байни содирот ва воридот) номбар мекунанд, ки бақияи манфӣ дар 5 моҳи соли 2018 ба 825,6 млн. доллари ИМА баробар шудааст.

Тибқи маълумоти Бонки миллӣ, тӯли 6 моҳи соли равон қурби нақди сомонӣ нисбати доллар 4,5% поин рафта, қурби расмии арзи миллӣ нисбати доллари ИМА 3,8% коҳиш ёфтааст.

Дар Бонки миллӣ қайд мекунанд, ки бо дарназардошти гузариш ба низоми “ҳадафгирии таваррум”, сиёсати қурбии ба реҷаи “шинокунандаи танзимшаванда” асосёфтаро амалӣ карда истодаанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.