Ҳаҷми қарзи хориҷии Тоҷикистон семоҳаи аввали соли равон қариб ба миқдори 20 млн. доллар кам шуд.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз Агентии омори назди президенти Тоҷикистон хабар доданд, ба санаи 1 апрели соли 2018 маблағи умумии қарзи берунаи Тоҷикистон 2 млрд. 859,7 млн. доллар (аввали сол - 2 млрд. 879 млн. доллар)-ро ташкил медиҳад.

Дар сохтори қарзи берунаи ҷумҳурӣ наздики 2,7 млрд. доллар ба қарзи бевоситаи давлатӣ рост меояд, ки иҷрои хизматрасониҳои ҳукумати кишварро таъмин мекунад.

Ҳаҷми қарзҳо бо кафолати давлатӣ дар сохтори қарзи беруна 32 млн. долларро ташкил медиҳад. Қарзҳои корхонаҳои давлатие, ки кафолати ҳукуматро надоранд, ба 31,5 млн. доллар баробар аст.

Қарзи Бонки миллии Тоҷикистонҳудуди 100 млн. долларро ташкил медиҳад, аз ҷумла 87,3 млн. доллар - ба Хазинаи байнулмилалии асъор, 7 млн. доллар - ба Чин ва боз 4,1 млн. доллар - ба Бонки исломии рушд.

Тибқи маълумоти Вазорати молия, қарздиҳандаи асосии Тоҷикистон Эксимбонки Чин мебошад, ки ҳаҷми он беш аз 1,2 млрд. долларро ташкил медиҳад.

Қарзҳо аз фурӯши коғазҳои қиматноки давлатӣ дар бозорҳои байнулмилалӣ 500 млн. долларро ташкил медиҳанд. Ҳамчунин Тоҷикистон аз Бонки ҷаҳонӣ (318 млн.), Бонки осиёгии рушд (278 млн.) ва Бонки исломии рушд (112 млн. доллар) низ қарздор аст.

Қаблан чанде аз ВАО хабар дода буданд, ки семоҳаи аввали соли ҷорӣ Тоҷикистон дар бозорҳои молии байнулмилалӣ миқдори навбатии вомбаргҳо (евробонд)-и давлатиро ба маблағи умумии 500 млн. доллар барои фурӯш гузоштааст. Аммо дар Вазорати молия ба «Азия-Плюс» итминон доданд, ки вазорат чунин коғазҳои қиматнокро ҳоло ҳатто нашр ҳам накардааст.

Аввали соли равон ҳаҷми қарзи хориҷии Тоҷикистон ба 40,3%-и Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар баробар ва аз ҳудуди ниҳоии муқарраршуда зиёд шуд.

Дар мавриди ин масъала мебояд зикр намуд, ки баъди ин мақомоти расмии ҷумҳурӣ Стратегияи миёнамуҳлати идоракунии қарзро бозбинӣ намуда, лимити (ҳадди) қарзи номиналии хориҷии кишварро аз 40 то ба 60% боло бурданд. Қобили зикр аст, ки ин нишондиҳанда зимни таҳлили пардохтпазирии кишвар аз ҷониби қарздиҳандагон нақши калидӣ дорад.

Дар инфографикаи мазкур доир ба қарзи хориҷии Тоҷикистон ба аввали соли равон маълумот дода мешавад.


Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.