Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта моҳи январи соли ҷорӣ ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон ба андозаи 75,6 фоиз афзуд.

Тавре аз Агентии омори назди президенти ҶТ хабар доданд, моҳи январи соли 2018 ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон 443 млн. долларро ташкил дод, ки нисбат ба моҳи янваари соли 2017 (252 млн. доллар) ба андозаи 75,6 фоиз ё худ 190,7 млн. доллар зиёдтар мебошад.

Моҳи январи соли равон аз ҷумҳурӣ ба маблағи умумии 86,8 млн. доллар молу маҳсулот ба хориҷи кишвар содирот шудааст, ки нисбат ба моҳи январи соли гузашта 29 фоиз ё худ 19,2 млн. доллар бештар аст.

Аз ҷумла дар ин давра ҳаҷми содироти нахи пахта - 82,7 фоиз ва металлҳои қамбаҳо (алюминий) ва маснӯот аз он - 82,1 фоиз афзудааст.

Моҳи гузашта ҳаҷми воридоти молу маҳсулот ба кишвар 356,2 млн. долларро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин моҳи соли гузашта ба миқдори 92,5 фоиз ё худ 171,2 млн. доллар зиёдтар аст.

Аз ҷумла ҳаҷми воридоти маҳсулоти нафтӣ - 22 фоиз, гандум - 95,6 фоиз зиёд шуда, дар ҳамин ҳол, ҳаҷми воридоти орд 63 фоиз кам шудааст.

Моҳи январи соли ҷорӣ Тоҷикистон бо 79 кишвари саросари дунё муомилоти молӣ дошт. Шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон дар ин давра чун соли гузашта Русия ва Қазоқистон шуморида шуда, моҳи январ ҳаҷми муомилоти мол миёни Тоҷикистон ва Русия - каме бештар аз 80 млн. доллар ва Тоҷикистону Қазоқистон - беш аз 71 млн. долларро ташкил додааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.