Бо вуҷуди суръатҳои баланди рушди иқтисод, Тоҷикистон то ҳол гирифтори буҳрон буда, роҳу воситаҳои раҳоӣ аз ин вазъ, аз ҷумла узвият ба ИИАО-ро баррасӣ мекунад.

Таҳлилгарони Central Asian Analytical Network (CAAN) бар ин назаранд, ки дар қатори Ӯзбекистону Туркманистон, суръатҳои баландтарини рушди иқтисод дар Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон низ ба мушоҳида мерасанд, вале ба ҳар ҳол, ҷумҳурӣ гирифтори буҳрон буда, воситаҳои гуногуни раҳоӣ аз он, то пайвастан ба ҳайати Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО)-ро баррасӣ дорад.

Дар гузориши таҳлилии CAAN бо истинод ба маҷаллаи The Diplomat қайд мешавад, ки соли гузашта муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев изҳор дошта буд, ки ҷумҳурӣ ба дастрасии «қарзи сабук» аз Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) дар ҳаҷми 500 млн. доллар кӯшиш дорад.

«Бонки милли Тоҷикистон ҷиҳати поккории бахши бонкии кишщвар талош варзида, иҷозатномаи ду бонк - «Тоҷпромбонк» ва «Фононбонк»-ро бозхонд кард ва мизоҷони бонкҳо барои амонатҳои аздастдодаашон дар ҳаҷми наздики 2 млн. доллар ҷубронпулӣ гирифтанд, вале ин кор ба бархе аз муштариёну сармоягузорони хурд зиён низ расонд», - омадааст дар гузориш.

Гуфта мешавад, «акнун эҳтимол ҳукумат сиёсаташро тағйир ва ҷудо кардани воситаҳои имконпазири қарзӣ ба сохтмони Роғунро тарҳрезӣ намудааст, ки нашри вомбаргҳо (облигатсияҳо) ба маблаги ҳудуди 850 млн. доллар ба муддати се соли минбаъда низ бо ин мақсад сурат гирифта, ҳукумат изҳор дошт, ки воситаҳои пулиро ҷиҳати маблағгузорӣ ба сохтмони сарбанд ва нерӯгоҳ истифода бурданист».


«ХБА ишора мекунад, ки тӯли солҳои 2015-2016 ҳаҷми интиқоли маблағ ба Тоҷикистон бо ифодаи доллар 45 фоиз коҳиш ёфта, вале афзоиши Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) ба миқдори 6-7 фоиз бо густариши сиёсати хазинаи давлатӣ (фискалӣ) дастгирӣ гардида, ҷиҳати сармоягузорӣ ба сохтмону саноат ва фаъолияти бахши ғайрирасмӣ мусоидат намуд», - қайд мешавад дар гузориш.

Зикр мегардад, ки босуръат поинравии ҳаҷми интиқоли пул ба беқурбшавии зиёди сомонӣ нисбати доллар оварда расонида, он дар навбати худ, ба афзоиши назарраси вазъи шиддатнок дар бахши бонкӣ бар асари мавқеъҳои кӯтоҳи кушод (FX) ва қарздиҳӣ бо асъор боис гардид.

Ҳамчунин қайд мешавад, ки охири соли 2016 қарзҳои берун аз амал (батаъхирафтода ба муддати беш аз 30 рӯз) дар бонкҳо то 54 фоиз афзуда, даромаднокӣ коҳиш ёфт, нишондиҳандаҳои кифоягии сармоя тамоили ғайриқаноатбахшро касб намуда, ду бонки бузург муфлис дониста шуданд ва ҳамчунин дар соли 2016 қарздиҳӣ ба бахши хусусӣ низ коҳиш ёфт.