Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз кишварҳои тараққикардаи арабӣ даъват кард, ки ба кишварҳои дар ҳоли рушд қарордоштаи ҷаҳони ислом аз лиҳози моливу иқтисодӣ кумак кунанд.

Зимни ифтитоҳи кори иҷлоси дуюми Форуми иқтисод ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон дар шаҳри Душанбе Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуд, ки Фонд таъсис дода шуда, он аз ҳисоби аъзоҳаққии кишварҳои рушдёфтаи арабӣ маблағгузорӣ шавад.

Бино ба пешниҳоди Сарвари давлати Тоҷикистон, воситаҳои ин Фонд зимни зарурат бояд ба дастгирии кишварҳои дар ҳоли рушд қарордоштаи мусалмонӣ равона шаванд.

Эмомалӣ Раҳмон қайд кард, ки дар бонкҳои аврупоиву амрикоӣ миллиардҳо доллари кишварҳои арабии сарватаманд нигаҳдорӣ мешаванд. Ӯ даъват кард, ки қисмате аз ин воситаҳо ба дастгирии кишварҳои дар ҳоли рушд қарордоштаи мусалмонӣ равона гардад, аммо, қайд кард ӯ, «ин дастгирӣ бояд бе тамаъ бошад».

Ба ақидаи Президенти Тоҷикистон, даргириҳои мусаллаҳи имрӯзи Шарқи Наздик ва Афғонистон натиҷаи ҳадафҳои тамаъҷӯёнаи бархе аз кишварҳо ва гурӯҳҳои одамон аст.

«Ҳамаи мо шоҳидем, ки имрӯз вазъ дар Сурияв Ироқ ва Афғонистон чӣ гуна аст. Тоҷикистон аввали солҳои 90-ум ин ҳодисаҳоро паси сар карда буд. Он замон гурӯҳҳои ҷудогона бо дастгирии пуштибонҳои хориҷии худ дар Тоҷикистон давлати исломӣ барпо карданӣ буданд. Дар натиҷа муддати 5 сол кишвар ба гирдоби ҷанги бародаркушӣ фурӯ рафт», - изҳор намуд Эмомалӣ Раҳмон.

Ҳамчунин Сарвари давлати Тоҷикистон таваҷҷуҳи иштирокдорони форумро ба захираҳои бойи табиии Тоҷикистон ҷалб намуда, аз кишварҳои арабии рушдёфта даъват кард, ки барои азхудкунии ин боигариҳо маблағгузорӣ намоянд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.