Дар рейтинги ҷаҳонии рақобатпазирии Форуми умумиҷаҳонии иқтисодӣ (ВЭФ) барои давраи солҳои 2016-2017 миёни 138 кишвари саросари дунё Тоҷикистон зинаи 77-умро касб кард.

Ин нишондиҳанда нисбат ба соли гузашта (зинаи 80-ум) 3 зина болотар буда, аз рӯи ҷадвали 7-балла индекси рақобатпазирии Тоҷикистон аз 4,03 дар соли гузашта то ба 4,1 балл беҳтар шудааст.

Миёни кишварҳои ИДМ Озарбойҷон - зинаи 37-ум, Русия - 43, Қазоқистон - 53, Арманистон - 79, Украина - 85, Молдова - 100 ва Қирғизистон - мақоми 111-умро ишғол кардаанд. Ӯзбекистону Туркманистон маъмулан дар рейтинг ҳузур надоранд.


Чун солҳои пешин Швейтсария, Сингапур ва ИМА кишварҳои пешсафи рейтинг буда, ба даҳгонаи беҳтарин иқтисодҳои рақобатпазир Нидерланд, Олмон, Британияи Кабир, Ҷопон, Гонконг ва Финландия шмиланд. Чад, Мавритания ва Яман дар зинаҳои охири рейтинг қарор доранд.

Форуми умумиҷаҳонии иқтисодӣ рейтинги мазкурро бо назардошти вазъи беш аз 100 нишондиҳанда, аз ҷумла зербино, самаранокии бозорҳои молу кор, сифати таълиму тандурустӣ, вазъи макроиқтисодӣ дар кишвар, навгониҳо, рушди бозори молиявӣ ва ғайра тартиб медиҳад.