Як ҳайати тиҷоратии Қазоқистон рӯзи 19 сентябр бо сафари кории серӯза ба шаҳри Душанбе ташриф меорад.

Бино ба маълумоти Маркази иттилооти тиҷоратии “Капитал”, Агентии миллии содирот ва сармоягузории KAZNEX INVEST-и Вазорати сармоягузорӣ ва рушди Қазоқистон дар доираи чорабиниҳо оид ба муаррифии имконоти иқтисодӣ ва пешбурди содироти маҳсулот ва хизматгузории Қазоқистон дар бозори беруна аз 19 то 21 октябри соли 2016 дар шаҳри Душанбе Намоиши савдоро баргузор мекунад.

Гуфта мешавад, дар чаҳорчӯби ин чорабинӣ ҳамоиши тиҷоратӣ ва вохӯриҳои дуҷонибаи раҳбарияти ширкатҳои истеҳсолкунанда ва содиротии Қазоқистон бо ҳамтоҳои тоҷики худ доир гардида, ҳамчунин муаррифии маҳсулот ва хизматгузории корхонаҳои ин кишвар ва дидору гуфтушунидҳо дар вазорату идорахои дахлдори Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст.