Дар Маҷмааи намоишгоҳҳои «Экспоцентр»-и шаҳри Москваи Федератсияи Россия 25-умин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «MITT» ифтитоҳ гардида, то санаи 15 марти соли ҷорӣ давом мекунад.

1/4

Тавре аз Кумитаи рушди сайёҳии назди ҳукумати ҷумҳурӣ хабар доданд, дар ин намоишгоҳ бори нахуст гӯшаи сайёҳии Тоҷикистон ба маъраз гузошта шуда, онро намояндагони Кумитаи рушди сайёҳӣ якҷо бо ширкатҳои сайёҳии ватанӣ ва осоишгоҳҳо зери шиори «Хуш омадед ба Ҷумҳурии Тоҷикистон - кишвари куҳҳои баланд ва дилҳои нарм» таҳти сарпарастии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон  Рустами Эмомалӣ муаррифӣ менамоянд.

Дар намоишгоҳ имкониятҳои васеи сайёҳии экологӣ, табобатию солимгардонӣ, кӯҳнавардию шикор ба иштирокчиён муаррифӣ карда мешавад.

Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Москва «MITT» яке аз панҷ намоишгоҳҳои бузурги сайёҳӣ дар ҷаҳон ба ҳисоб рафта, дар он ҳамасола аз 200 минтақаву кишварҳои ҷаҳон зиёда аз 2000 ширкатҳои алоқаманд ба соҳаи сайёҳӣ имкониятҳои худро пешкаши дӯстдорони сайру саёҳат менамоянд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.