Бо дастури Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон панҷараҳои оҳанини чанде аз вазорату идораҳоро дар Душанбе тадриҷан аз байн мебаранд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита хабар дод, дар навбати аввал бояд панҷараҳои вазорату идора ва корхонаву ташкилотҳо сарфи назар аз шакли моликияташон, ки бо бунёди ин гуна панҷараҳо дастрасии аҳолӣ ба боғу гулгашт ва фаввораҳоро маҳдуд кардаанд, аз байн бардошта мешаванд.

«Дар чаҳорчӯби иҷрои дастури мазкури Сарвари давлат айни замон панҷараи оҳанини гирду атрофи бинои дафтари асосии кории ширкати «Барқи тоҷик» барканда шуд, - гуфт манбаъ. - Қаблан чунин панҷара аз қаламрави Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон низ баргирифта шуд».