АНОНС

- Дар меҳмонхонаи «Серена»-и пойтахт рӯзи хотимавии намоишгоҳи аксҳои Аниса Собирӣ доир мегардад. Воридшавӣ озодона аст;

- Дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба муносибати Соли ҷавонон Фестивали афроди қобилиятноки нобино доир мегардад;

- Дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор бозии дуюми мунтахаби футболи наврасони Тоҷикистон дар даври интихобии Ҷоми Осиё-2018 (U-16) баргузор мешавад. Оғози бозӣ соати 19:00;

- Дар доираи кинофоруми байнулмилалии кишварҳои ИДМ «Минск-2017» филми «Сон обезьяны» (Хоби маймун)-и истеҳсоли Тоҷикистон намоиш дода мешавад. Намоиш дар Хонаи Маскав дар Минск барпо мешавад.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  8.7980 сомонӣ;

1 евро – 10.4661 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.1489 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Рӯзи Рӯдакӣ

1961 – Комбинати хонасозии Душанбе мавриди баҳрабардорӣ ва масолеҳи аввалинро истеҳсол кард.

1991 – Дар Душанбе зимни гирдиҳамоии 14-рӯза муҷассамаи В.И.Ленин барканда шуда, фаъолияти Ҳизби коммунисти Тоҷикистон боздошта шуд.

2007 — Дар Душанбе нахустин китобхонаи электронӣ дар Тоҷикистон боз шуд.

2010 — Оғози амалиёти махсуси маҳви гурӯҳҳои ҷиноятпеша дар Рашт

1937 – Зодрӯзи олими адабиётшинос Ҷӯра Бақозода.

1940 – Мавлуди доктори улуми филологӣ, профессор Асадулло Саъдуллоев.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ борони кӯтоҳмуддат пешбинӣ мешавад.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +11+16, рӯзона +28+33; дар доманакӯҳҳо шабона +1+6, рӯзона +18+23.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +12+17, рӯзона +29+34; дар доманакӯҳҳо шабона +9+14, рӯзона +24+29.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат дар назар аст, шабона дар баландии беш аз 3000 метр каме барф меборад.

Ҳарорат: дар ғарб шабона +7+12, рӯзона +22+27; дар шарқ шабона -3+2, рӯзона +10+15.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ борони кӯтоҳмуддат пешбинӣ мешавад.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +9+14, рӯзона +29+34; дар доманакӯҳҳо шабона +6+11, рӯзона +25+30. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +11+13, рӯзона +31+33.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +14+16, рӯзона +31+33.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +13+15, рӯзона +31+33.  

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат дар назар аст.

Ҳарорат: шабона +10+12, рӯзона +23+25.