Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон оғози озмуни навбатии маъруфи «Бренди сол»-ро эълон кард.

Озмун 19 сентябри соли равон оғоз гардида, ҳадафҳои он ошкор кардани брендҳои муваффақ, қадрдонӣ ва ҳавасмандсозӣ дар истифода ва пешбурди тамғаи моли ширкати худ мебошад.

Иштирок ва ғолибият дар озмун нуфузи ширкатро боло бурда, ҷоизадорон миёни истеъмолгарон ва рақибони дохил ва хориҷи кишвар маъруфият касб мекунанд.

Натиҷаҳои озмуни «Бренди сол» бо иштироки соҳибкорон ва намояндагони ширкатҳои ватаниву хориҷӣ ҷамъбаст мешаванд.

Телефонҳо барои дарёфти маълумот:  907 331-333,  227-47-47

www.tajpatent.tj