АНОНС

- Дар Душанбе мусобиқаи футбол барои дарёфти Ҷоми раиси шаҳри Душанбе идома меёбад, ки дар он дастаҳои вазорату идораҳо, ташкилоту корхонаву муассиса ва дигар сохторҳои пойтахт иштирок мекунанд.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  8.7865 сомонӣ;

1 евро – 10.3839 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.1499 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

2010 — Дар Суғд ба хотираи ёдбуди нахустин омӯзгорони рус, ки замони барқароршавии ҳокимияти шӯравӣ ба Хуҷанд барои маҳви бесаводӣ омада буданд, муҷассама ифтитоҳ гардид.

1956 – Зодрӯзи собиқ муовини нахуствазири Тоҷикистон Руқия Қурбонова.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +6+11, рӯзона +18+23, дар доманакӯҳҳо шабона -2+3, рӯзона +11+16.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +8+13, рӯзона +21+26; дар доманакӯҳҳо шабона +5+10, рӯзона +14+19.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.  

Ҳарорат: дар ғарб шабона +1+6, рӯзона +17+22; дар шарқ шабона -4-9, рӯзона +5+10.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +4+9, рӯзона +19+24; дар доманакӯҳҳо шабона 0+5, рӯзона +13+18. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +5+7, рӯзона +22+24.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +8+10, рӯзона +21+23.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +7+9, рӯзона +22+24.  

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: шабона +4+6, рӯзона +19+21.