АНОНС

- Дар доираи лоиҳаи «Шарикӣ барои иноватсия» таҳти унвони «Ҳамкории пурсамар: таъмини имконот барои рушди устувори ҷамоатҳои маҳаллӣ» нахустин Форуми миллӣ доир мегардад. Рӯзи аввали чорабинӣ дар меҳмонхонаи «Атлас» - оғоз соати 14:00. Рӯзи дуюм дар бинои «Душанбе Плаза» - оғоз соати 09:00.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  8.8283 сомонӣ;

1 евро – 10.3680 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.1495 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Рӯзи кормандони мақомоти прокуратура

1930 – Таъсиси ноҳияи Қалъаи Хумб (феълан Дарвоз) дар ҳайати Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон.

2010 — Бо қарори Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи қонун «Дар бораи масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзандон» ба баррасии умум гузошта шуд.

1925 – Зодрӯзи мусиқишинос, доктори санъатшиносӣ Файзулло Кароматов.

1934-1998 – Мавлуди Корманди шоистаи Тоҷикистон Сайфиддин Тешаев.

1941-2011 – Зодрӯзи шоир Ширин Бунёд.

1948 – Мавлуди журналист Баҳодур Саодатшоев.

1964 – Зодрӯзи рӯзноманигор Нуралӣ Давлатов.

1967 — Мавлуди журналист Сайфиддин Қараев.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ боришот (борону барф).

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -2-7, рӯзона +2+7, дар доманакӯҳҳо шабона -7-12, рӯзона -4+1.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -4+1, рӯзона +5+10; дар доманакӯҳҳо шабона -3-8, рӯзона +1+6.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан боришот (борону барф) дар назар аст.

Ҳарорат: дар ғарб шабона -6-11, рӯзона -2+3; дар шарқ шабона -18-23, рӯзона -4-9.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ боришот (борону барф)

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -2-7, рӯзона +4+9; дар доманакӯҳҳо шабона -3-8, рӯзона 0+5.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона -2-4, рӯзона +6+8.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона -4-6, рӯзона +3+5.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона -1-3, рӯзона +7+9.  

Дар шаҳри Хоруғ— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона -6-8, рӯзона 0-2.