АНОНС

- Дар Загреб (Хорватия) мусобиқаи Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо байни наврасон идома меёбад. Ҳайати дастаи Тоҷикистон: Суҳроб Боқиев (-60 кг), Сомон Маҳмадбеков, Муҳаммадраҳим Сарахонов (-66 кг), Хайёмиддин Ҷабборов, Эраҷ Абдуллоев (-73 кг), Раҳматуллобек Фарҳодов, Ҷаҳонгир Маҷидов (-81 кг), Ҳоҷимашраб Раҳмонов (-90 кг), Темур Раҳимов (-100 кг), Шакармамад Мирмамадов (+100 кг);

- Дар Шанхай (Чин) мусобиқаи Чемпионати Осиё оид ба қаиқронӣ идома дорад. Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон: Шаҳриёр Даминов, Нурмуҳаммади Тоҳир, Зоирҷон Набиев, Абдураҳмон Абдураҳимов, Зумрад Пирназарова.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  8.8024 сомонӣ;

1 евро – 10.3455 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.1504 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1919 – Ифтитоҳи корхонаи абрешими Хуҷанд

1929 – Дар Душанбе бахшида ба омадани қатора нахустин филми таърихиву ҳуҷҷатӣ наворбардорӣ шуд.

1939 – Нахустин операи тоҷик - «Шӯриши Восеъ» ба саҳна гузошта шуд.

2007 — Баъди таъмиру азнавсозӣ Осорхонаи дастхатҳои қадима ва ёдгориҳои меъмории Кӯлоб ба номи Мирсаид Алии Ҳамадонӣ боз шуд.

1927 – Зодрӯзи Шоири халқии Тоҷикистон Наҷмиддин Раҳимов.

1936 – Мавлуди коргардони кино, Ходими шоистаи фарҳанги Тоҷикистон Равшан Тӯрабеков.

1938-1994 – Зодрӯзи оҳангсоз Миратулло Атоев.

1942 – Мавлуди доктори улуми физикаву математика Саидмуҳаммад Одинаев.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +5+10, рӯзона +15+20, дар доманакӯҳҳо шабона -1+4, рӯзона +8+13.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, чангу ғубор.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +8+13, рӯзона +20+25; дар доманакӯҳҳо шабона +3+8, рӯзона +12+17.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад (шабона дар баландии беш аз 3000 метр барф).  

Ҳарорат: дар ғарб шабона +1+6, рӯзона +16+21; дар шарқ шабона -5-10, рӯзона +5+10.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона ва субҳгоҳон борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +6+11, рӯзона +18+23; дар доманакӯҳҳо шабона 0+5, рӯзона +14+19. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +7+9, рӯзона +20+22.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +8+10, рӯзона +17+19.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +10+12, рӯзона +22+24.  

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона +3+5, рӯзона +18+20.