АНОНС

- Дар меҳмонхонаи «Серена»-и пойтахт Форуми дуюми Осиёи Марказӣ оид ба идоракунии интернет (CAIGF-2017) ба кори худ хотима мебахшад. Дар он масоили амнияти кибернетикӣ ва озодии танзими инетнет, рушди DNS-индустрия ва тавсеъаи дастрасӣ ба интернет, ҳамчунин тарзу усулҳои глобалӣ ва миллии идоракунии Шабака баррасӣ мешаванд; 

- Донишгоҳи федералии шимолӣ (Арктикӣ)-и ба номи М.В.Ломоносов (ш.Архангелск) довталабонро ба маросими муаррифӣ ва тестгузаронии аайёр аз 20 то 23 июни соли 2017 даъват мекунад. . Макони баргузории тест: ш.Душанбе, кӯч. Мирзо Турсунзода, 28 (Маркази илму фарҳанги Русия).

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  8.8113 сомонӣ;

1 евро – 9.8325 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.1452 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

2004 – Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ тағйирот ба Кодекси андозро қабул кард, ки мутобиқи он, нашриёт ва паҳнкунандагони ВАО-и чопӣ аз андоз аз арзиши изофа озод карда шуданд.

2009 — Дар Душанбе яке аз роҳбарони ҳаракати динии «Салафия» Мулло Сироҷиддин ва 40 нафар ҳаммаслакони ӯ боздошт шуданд.

2014 — Суди иқтисодии вилояти Хатлон дар бораи ғайриҳаққонӣ эътироф гардидани муомилоти хариду фурӯши корхонаи «ТоҷикАзот» қарор қабул кард.

1946 – Зодрӯзи олими шарқшинос, узви вобастаи Академияи улум, Арбоби шоистаи фарҳанги Тоҷикистон Ҷӯрабек Назриев.

1949 – Мавлуди журналисти фелетонннавис, дорандаи Ҷоизаи ба номи Лоҳутӣ Ҳабибулло Ёров.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +22+27, рӯзона +36+41; дар доманакӯҳҳо шабона +56+10, рӯзона +23+28.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +21+26, рӯзона +39+44; дар доманакӯҳҳо шабона +17+22, рӯзона +32+37.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбандаи бебориш.

Ҳарорат: дар ғарб шабона +12+17, рӯзона +28+33; дар шарқ шабона 0+5, рӯзона +13+18.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +17+22, рӯзона +37+42; дар доманакӯҳҳо шабона +10+15, рӯзона +29+34. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +18+20, рӯзона +39+41.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, раъду барқ.

Ҳарорат: шабона +23+25, рӯзона +39+41.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +21+23, рӯзона +39+41.  

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +14+16, рӯзона +29+31.