Бародари раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров шаби гузашта дар Душанбе аз олам даргузашт. Марҳум Розиқ Зуҳуров 54-сола буд.

Тавре ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии палатаи поёнии парлумон Муҳаммадато Султонов хабар дод, Розиқ Зуҳуров пас аз бемории тӯлонӣ шаби гузашта дар Маркази миллии тиббӣ (Қарияи боло) даргузаштааст.

Имрӯз дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатон, ки марҳум он ҷо иқомат дошт, маросими ҷанозаи ӯ баргузор мешавад.

Розиқ Шукуров солҳои ахир дар ноҳияи Панҷ ба фаъолият дар соҳаи кишоварзӣ машғул буд.

Дар робита ба ин ҳодиса ҷаласаи навбатии палатаи поёнии парлумон, ки бояд имрӯз доир мегардид, ба ҳафтаи оянда мавқуф гузошта шуд.

Ҳайати кормандони гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» ба наздикону пайвандони марҳум самимона ҳамдардӣ изҳор мекунанд.