АНОНС

- Дар Душанбе мусобиқаи футболи хурд барои дарёфти Ҷоми раиси шаҳри Душанбе оғоз мегардад.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  8.8024 сомонӣ;

1 евро – 10.3455 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.1504 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1936 — Дар Сталинобод бинои дуошёнаи вокзали роҳи оҳан мавриди истифода қарор гирифт.

2008 — Дар Душанбе дафтари нави кории Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА) боз шуд.

2009 — Дар Тоҷикистон 110-солагии арбоби маъруфи давлатӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур ҷашн гирифта шуд.

2010 — Суди Олии Русия фаъолияти Созмони умумирусиягии ҷамъиятии «Иттиҳоди тоҷикистониёни Русия»-ро манъ кард.

2011 — Миёни парлумонҳои Тоҷикистону Эрон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид.

858-941 – Зодрӯзи асосгузори адабиёти классикии форсу тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ.

1924 – Мавлуди доктори улуми тиббӣ Саъдинисо Ҳакимова.

1933 – Зодрӯзи Омӯзгори шоистаи ИҶШС Идӣ Халифаев.

1938 – Мавлуди Бозор Собир, шоир, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ.

1950 — Зодрӯзи журналист Қурбон Мадалиев.

1953 – Мавлуди файласуф Рустам Назаров.

1959 – Зодрӯзи Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Александр Мироненко.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +5+10, рӯзона +16+21, дар доманакӯҳҳо шабона -4+1, рӯзона +8+13.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, чангу ғубор.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +8+13, рӯзона +20+25; дар доманакӯҳҳо шабона +3+8, рӯзона +12+17.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбандаи бебориш.  

Ҳарорат: дар ғарб шабона +4+9, рӯзона +17+22; дар шарқ шабона -6-11, рӯзона +5+10.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +3+8, рӯзона +18+23; дар доманакӯҳҳо шабона -1+4, рӯзона +13+18. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +4+6, рӯзона +20+22.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +8+10, рӯзона +19+21.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +10+12, рӯзона +22+24.  

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +4+6, рӯзона +20+22.