Дар рӯзномаи ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати панҷум, ки пагоҳ дар Душанбе доир мегардад, баррасии масъалаи ворид намудани тасҳеҳот ба қонунҳо ««Дар бораи Буҷети давлатии ҶТ барои соли 2015», «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба навъҳои ҷудогонаи фаъолият», «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ», «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» ва «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» дар назар аст.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз палатаи поёнии парлумони кишвар хабар дод, ҳамчунин вакилон масъалаҳои марбут ба ворид намудани тағйироту илова ба қонунҳо «Дар бораи боҷи давлатӣ», «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет», тағйироту илова ба Кодекси андоз ва Кодекси иҷрои ҷазхи ҷиноятии Тоҷикистонро низ мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.

Дар лоиҳаи тағйирот ба қонун «Дар бораи Буҷети давлатии ҶТ барои соли 2015» озод кардани воридоти 90 номгӯи таҷҳизот ва техникаи тиббӣ барои Маркази тиббии «Пойтахт-90» пешбинӣ шудааст.

Маркази тиббии «Пойтахт-90» дар паҳлӯи Маркази ташхис аз ҳисоби буҷети шаҳри Душанбе сохта шуда истодааст. Марказ аз 38 иншоот, аз ҷумла бемористон бо 650 кат, дармонгоҳ барои қабули 800 беморон дар як баст иборат аст.

Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин дар лоиҳаи тағйирот ба Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ «Дар бораи қабули Қонуни ҶТ «Дар бораи мукофотҳои давлатӣ» пешбинӣ шудааст, ки унвони фахрии «Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон» ба унвони фахрии «Арбоби шоистаи Тоҷикистон» баробар карда шуда, дорандагони ин унвонҳо аз имтиёзҳои ягона бархурдор мешаванд.