Рӯзи панҷшанбеи ҳамин ҳафта аъзои Маҷлиси миллии ҷумҳурӣ тағйири номи як қатор шаҳру навоҳиро, ки аз ҷониби президент пешниҳод шуда буд, ҷонибдорӣ намуданд.

Табдили номи шаҳру навоҳӣ ва маҳаллаҳои аҳолинишин дар кишвар ба ҷуз саволи маъмулии «Барои чӣ (Бо кадом сабаб?), саволи дигари «Ин чӣ қадар арзиш (хароҷот) дорад?»-ро низ ба миён меорад.

Мансабдорон мегӯянд, ки «ҳеҷ арзише (хароҷоте) надорад», вале бо назардошти ҳадди ақал далели дубора бақайдгирии санадҳои оинномавии ҳамаи шахсони ҳуқуқӣ, корхонаҳои хусусӣ ва соҳибкорони инфиродии маҳаллаи аҳолинишин зимни тағйири ном, барои ин навгониҳо маблағ пардохт намудан лозим меояд.

Ҳукуматдорон изҳор медоранд, ки табдили номи шаҳру навоҳӣ ҳадафҳои оливу наҷиб дорад: баланд бардоштани ҳисси ифтихори миллӣ ва ҷалби таваҷҷуҳи ҳарчи бештари ҷавонону насли наврас ба арзишҳои таърихиву миллӣ. Дар бораи бо чӣ қадар хароҷот ноил гардидан ба ин ҳадафҳо мансабдорн чизе намегӯянд.

Мо тасмим гирифтем, ки мустақилона ин хароҷотро тахминӣ ҳисобу китоб намоем. Маълум шуд, ки хароҷот на он қадр ҳам кам аст.

Масалан, дар шаҳр ё ноҳияи дорои 150 ҳазор аҳолӣ ба ҳисоби миёна 15 муассисаи давлатӣ, аз ҷумла тиббӣ, 50 муассисаи таълимӣ ва 20 корхонаву ташкилот вуҷуд дорад. Ба ҳамаи онҳо лозим меояд, ки ҳуҷчатҳояшонро иваз кунанд, муҳр ва тамғаҳои нав фармоиш дода, дар даромадгоҳ лавҳаҳоро ҳам тағйир диҳанд. Ҳамчунин навсозии нишону ишораҳо дар роҳҳо зарур аст, ки ба ҳар шаҳр ё ноҳияи дорои 150 ҳазор аҳолӣ ба ҳисоби миёна 10 адад рост меояд.

Ҳамин тариқ, барои муҳри нав корхона - 150 сомонӣ, хизматгузории нотариус барои тасдиқи ҳуҷҷатҳои оинномавӣ - 100 сомонӣ, таҳия ва гузоштани лавҳаҳо бо ду забон - 300 сомонӣ ва таҳияву гузоштани нишон (ишора) дар роҳҳои автомобилгард - 400 сомонӣ пардохт мекунад. Бо назардошти ҳамаи сохторҳои амалкунанда дар ноҳияи номаш тағйирёфта ва ҷамъи  ҳамаи маблағҳои зикршуда 50,7 ҳазор сомонӣ хароҷот ҳосил мешавад.

Албатта, ҳамаи ин рақамҳо тахминӣ ва ҳадди ақаланд. Ин ҷо хароҷоти зиёд барои харитакашӣ, нашри  харита, атлас, хатсайрҳо (маршуртҳо), ҷадвали ҳаракати нақлиёт ва ғайра ба инобат гирифта нашудааст, зеро бидуни ворид кардани чунин тағйирот, маҳаллаи аҳолинишин дар харитаи минтақа номаълум боқӣ мемонад.

Ғайр аз ин, ба сокинони шаҳру навоҳие, ки табдили ном карданд, лозим меояд, ки ҳуҷчатҳои худро бо номи нав мутобиқ кунанд ва маблағи ин хароҷот аз ҳисоби худи шаҳрвандон аст.

Шояд ҳисси ифтихори миллӣ дарвоқеъ ҳам ба ин корҳо меарзида бошад, лекин бовар намеояд, ки сокинони, масалан Чкаловск замони арзи ҳастӣ кардани шаҳрашон аз он шарм медоштанд.

Рӯйхате шаҳру ноҳияҳо ва иншооти ҷуғрофӣ, ки 3 март номашон тағйир ёфт:

Ноҳияи Ҳисор - шаҳри Ҳисор;

Ноҳияи Тавилдара - ноҳияи Сангвор;

Ноҳияи Ҷиргатол - ноҳияи Лахш;

Ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ - ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ;

Ноҳияи Ҷиликӯл - ноҳияи Дӯстӣ;

Ноҳияи Қумсангир - ноҳияи Ҷайҳун;

Ноҳияи Шӯрообод - ноҳияи Шамсиддин Шоҳин;

Шаҳри Қайроққум - шаҳри Гулистон;

Шаҳри Чкаловск - шаҳри Бӯстон;

Ноҳияи Ғончӣ - ноҳияи Деваштич;

Обанбори Қайроққум - обанбори Баҳри тоҷик.

Ғайр аз ин, ба ифтихори Пешвои миллат шаҳрак дар ҷамоати Сучони ноҳияи Шуғнон Раҳмонобод номгузорӣ шуд. Ин шаҳрак бо ташаббуси президенти Тоҷикистон тирамоҳи соли гузашта дар мавзеи Питовдашт барои сокинони моҳи июли соли 2015 аз селфароӣ осебдида бунёд гардид.

Барои дар ҳаҷми бузург дидани сурат ба ишора пахш намоед.