Прокурори генералии Тоҷикистон Шерхон Салимзода аз коҳиши рӯхияи ватандӯстӣ миёни ҷавонони кишвар изҳори нигаронӣ намуд.

Дар маводи аз номи ӯ нашршуда дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» дар ин робита ӯ изҳор намудааст, ки санҷиши қонунгузориҳо дар мақомоти маориф, адлия ва идоракунии ҳарбӣ нишон додааст, ки тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи худшиносию худогоҳӣ ва ватандустӣ коҳиш ёфта истодааст.

Ба навиштаи ӯ, солҳои охир даст кашидан аз тарзҳои миллии номгузорӣ зиёд ба мушоҳида расида, шахсони мансабдори мақомоти давлатӣ ба ин мусоидат менамоянд.

«Мисол, дар се соли охир дар Донишгоҳи давлатии тиҷорат  177 нафар,  Донишгоҳи омӯзгорӣ 113 ва Донишгоҳи давлатии тиббӣ   223 донишҷӯ аз тарзи миллии номгузорӣ, ки пеш интихоб намуда буданд, даст кашида, ба тарзи пешинаи номгузорӣ (суффиксҳои “ов” ва “вич”) гузаштаанд», - зикр кардааст ӯ.

Дар идома ӯ ҳамчунин қайд кардааст, ки дар ҳамин давра аз ин донишгоҳҳо танҳо 2 нафар тарзи миллии номгузориро интихоб намуда, ҳолатҳои ба ин монанд дар дигар мактабҳои олии мамлакат низ дида мешаванд.