Палатаи поёнии парлумон имрӯз, 25 июн Конвенсия оид ба савдои байналмилалии намудҳои ҳайвоноти ваҳшӣ ва набототи ёбоии зери хатари нобудшавӣ қарордошта - СИТЕС (Convention on International Trade in Endangered Species of Wild Fauna and Flora - CITES)-ро бидуни баррасӣ ва якдилона тасдиқ кард.

Зимни суханронӣ назди вакилон дар робита ба ин масъала раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҳукумати ҷумҳурӣ Хайрулло Ибодзода қайд кард, ки СИТЕС созишномаи байнулмилалии ҳукуматӣ буда, соли 1973 дар Вашингтон бар асоси қатъномаи Иттифоқи байнулмилалии ҳифзи табиат (IUCN)  тасвиб ва аз 1 июли соли 1975 мавриди амал қарор гирифтааст.

Ба гуфтаи ӯ, рӯзҳои наздик нашри дуюми «Китоби сурх»-и Тоҷикистон ба чоп мерасад, ки ба он 269 навъи наботот ва 241 навъи ҳайвоноти кишвар шомиланд ва бинобар сабаби хатари нобудшавӣ давлат онҳоро таҳти муҳофизат гирифтааст.

«Пас аз тасдиқи Конвенсияи СИТЕС Тоҷикистон ба додани иҷозатнома барои фурӯши ҳайвоноти ваҳшӣ ва набототи ёбоии зери хатари нобудшавӣ қарордошта, транзиту ҳамлу нақл ва убури онҳо тариқи қаламрави худ ҳуқуқ пайдо мекунад, ки тибқи ҳисобу китоби мо, ба буҷети давлат даромади назаррас меорад», - гуфт Ибодзода.