Дар мусоҳиба ба нашрияи умумиарабии «Аш-Шарк ал-Аусат» сафири Тоҷикистон дар Ар-Риёз Шариф Азамшо Латифзода  изҳор доштааст, ки Тоҷикистон имкони пайвастан ба эътилофи исломии низомӣ оид ба мубориза бо терроризм таҳти сарварии Арабистони Саудиро баррасӣ дорад.

Сафир қайд кардааст, ки Тоҷикистон масъалаи шомил гардидан ба ин эътилофро бо фароҳам омадани имкони аввал ҷиддӣ мавриди омӯзиш қарор додааст.

Ба гуфтаи Латифзода, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аввали моҳи январи соли оянда аз Ар-Риёз боздид ва бо шоҳи Арабистони Саудӣ Салмон дидору гуфтушунид анҷом доданист ва имкон дорад, ки дар ин вохӯрӣ ҷонибҳо сари масъалаи ҳамкорӣ дар мубориза бо терроризм, аз ҷумла имкони иштироки Душанбе дар эътилофи исломӣ гуфтушунид кунанд.

Қобили зикр аст, ки санаи 15 декабр Арабистони Саудӣ дар бораи таъсиси эътилофи исломӣ «барои мубориза бо терроризм аз нигоҳи низомӣ ва идеологӣ» маълумот мунташир кард.

Ба ин эътилоф ба ҷуз худи Арабистони Саудӣ, боз 33 кишвар: Миср, Урдун, Аморати Муттаҳидаи Араб, Покистон, Бангладеш, Баҳрайн, Бенин, Туркия, Тунис, Сенегал, Серра-Леоне, Судон, Сомали, Фаластин, Қатар, Кувайт, Лубнон, Либия, Мали, Малайзия, Нигер, Нигерия, Яман, Чад, Того, Габон, Гвинея, Ҷибути, Марокаш, Кот-д''Ивуар, Мавритания, Малдив и Ҷазираҳои Комор шомил гардиданд.

Боз беш аз 10 кишвари ҷаҳон бо шумули Индонезия аз таъсиси чунин эътилоф пуштибонӣ намуданд. Ситоди муттаҳида оид ба ҳамоҳангсозӣ ва баргузории амалиёти низомии эътилоф дар Ар-Риёз ҷойгир хоҳад шуд.