Ду зани сокини шаҳри Душанбе ба гумони даст доштан дар ҷалби одамон ба истисмори шаҳвонӣ дастгир шуданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, ахири ҳафтаи гузашта зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ як зани 25-сола ва як зани 26-солаи сокинони шаҳри Душанбе аз ҷониби кормандони милитсия бо гумони ҷалби одамон барои истисмор дастгир карда шуданд.

Гуфта мешавад, муайян карда шудааст, ки гумонбаршудаҳо бо маслиҳати пешакӣ бо зане тахаллусаш “Хола”, ки айни замон дар шаҳри Дубайи АМА қарор дорад, бо мақсади ҷалб ва ба истисмори шаҳвонӣ гирифтор намудани зани 26-солаи сокини ноҳияи Восеъ, аз ҳисоби худ раводид, шиноснома ва чипта харидорӣ намуда, рӯзи 16  декабр ӯро ба воситаи ҳавопаймо ба шаҳри Дубайи АМА равон кардаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт идома дорад.