Суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт модари як ноболиғро барои дар нақлиёти ҷамъиятӣ ба ҳайси кондуктор (пулчинак) кор карданаш ҷарима кард.

Бино ба иттилои сомонаи расмии суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ, модари ноболиғ Мастура Очилдиева ба риоя накардани муқаррароти қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» гунаҳкор дониста шуда, дар ҳаҷми 120 сомонӣ ҷаримабандӣ шудааст.

Гуфта мешавад, М.Очилдиева аз соли 2009-ум то инҷониб ба таълим фаро гирифтани фарзандаш Очилдиев Ф.М.-ро таъмин накарда, дар хатсайри №22 фарзандаш ба фаъолияти маблағғундорӣ - «кондукторӣ» машғул будааст.

Мастура Очилдиева худро гунаҳгор шуморида баёнот додааст, ки аз сабаби танқисии рўзгор аз соли 2009-ум то инҷониб ба таълим фаро гирифтани фарзандаш Очилдиев Ф.М.-ро таъмин накардааст. Фарзандаш Фазлиддин қаблан дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №7 шаҳри Душанбе таҳсил мекардааст. Шавҳараш бекор дар хона бемор мебошад.

Шарҳ дода мешавад, ки мутобиқи моддаи 8 сархати 18-и қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», падару модар уҳдадоранд ба ҷалб намудани фарзанд ба корҳои хавфнок ва вазнини ба саломатии ӯ зараровар ва ҳамчунин дигар корҳое, ки ба инкишофи муътадили ҷисмонӣ ва равонии фарзанд халал мерасонанд, иҷозат надиҳанд. Ҳамчунин волидон уҳдадоранд, ки ба таҳсили фарзандонашон дар мактаб монеъ эҷод насозанд.