Шурӯъ аз оғози маъракаи ғунучини ҳосили пахта дар Тоҷикистон то имрӯз беш аз 162 ҳазор тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ шуд, ки зиёда аз 40% аз нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад.

Тавре аз Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзии ҶТ хабар доданд, кишоварзон ҳамарӯза беш аз 5,7 ҳазор тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ намуда, айни замон дар майдони кишти пахтаи ҷумҳурӣ беш аз 140 ҳазор нафар машғули ғунучини ҳосиланд.

Ба иттилои манбаъ, то имрӯз дар вилояти Хатлон - ҳудуди 118 ҳазор тонна, вилояти Суғд - беш аз 43 ҳазор тонна ва навоҳии тобеи марказ - наздики 1,8 ҳазор тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ шудааст.

Дар маълумоти Вазорати кишоварзӣ таъкид мешавад, ки имсол то охири мавсим дар маҷмӯъ ҷамъоварии ҳудуди 399 ҳазор тонна ҳосили пахта ба нақша гирифта шудааст. Имсол пунбадона дар майдони ҳудуди 180 ҳазор гектар кишт шудааст.

Ёдрас мекунем, ки соли 2014 дар саросари кишвар дар майдони умумии ҳудуди 178 ҳазор гектар пунбадона кишт шуда, наздики 390 ҳазор тонна ҳосил ба даст оварда шуд.