Амиршо Миралиев, собиқ роҳбари дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон Иззатулло Лаълбековро дар мансаби раиси Ассотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон (АБТ) иваз кард.

Муовини раиси АБТ Раҳматшо Сайисмонов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар Маҷлиси умумии аъзои Ассотсиатсия А.Миралиев раиси АБТ интихоб шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, И.Лаълбеков бо хоҳиши худаш аз ин вазифа рафтааст. «Ӯ чандин маротиба ба аъзои АБТ бо аризаи аз кор озод карданаш аз ин мансаб муроҷиат карда буд», - гуфт ӯ.

Зимнан зикр гардид, ки то ба ин мансаб интихоб шудан А.Миралиев ба ҳайси роҳбари Шӯрои нозирони ҶСК «Соҳибкорбонк» фаъолият дошт.

Айни замон 13 ташкилоти қарзӣ аъзои АБТ мебошанд: БДА ҶТ «Амонатбонк»; ҶСК «Ориёнбонк»; ҶСК «Агроинвестбонк»; ҶСК «Тоҷиксодиротбонк»; «БСТ ТИСТ  Тоҷпромбонк»; ҶСК «Бонки Эсхата»; ҶСП «Фононбонк»; ҶСК «Соҳибкорбонк»; ҶСК «Accessbank Tajikistan»; ҶСП ТҚХ «ФИНКА»; ҶСП «Аввалин Бонки Молиявии хурд»; ҶДММ ТҚХ «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ» ва ҶСП ТҚХА «Боварӣ ва ҳамкорӣ».