Сафири Фаронса дар Тоҷикистон Ясмин Гуедар дар чойхонаи «Роҳат»-и шаҳри Душанбе консерти созу навои «Шашмақом» ташкил кард.

Консерт бо иштироки ҳунармандони Академияи «Мақом» тахти роҳбарии Арбоби шоистаи санъати Тоҷикистон Абдувалӣ Абдурашидов баргузор шуд.

Зимни суханронӣ дипломати фаронсавӣ қайд кард, ки имсол дар Тоҷикистон Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шудааст.

«Аз ин рӯ, барои консерт мо маҳз чойхонаи «Роҳат»-ро интихоб намудем, зеро тарзи меъмории бино, нақшу нигор, хӯроку сарулибоси миллӣ ва ғайра маҳсули эҷод ва ҳунармандии мардумӣ аст», - таъкид дошт Ясмин Гуедар. - Ин чойхона арзиши таърихӣ ва миллӣ дорад».

1/4

Дар ин чорабинӣ намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон, аҳли ҷомеа ва фарҳанги ҷумҳурӣ ҳузур доштанд.

Дар робита ба созу навои «Шашмақом» сафир изҳор дошт, ки ин мусиқӣ ба халқи тоҷик ва фарҳанги ин мардум тааллуқ дошта, минбаъд аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта ва ба мусиқии ҷаҳонӣ табдил ёфт.

Ёдрас мекунем, ки аввали соли 2017 дар бахши сайру саёҳати сомонаи расмии шабакаи телевизионии CNN чойхонаи «Роҳат»-и шаҳри Душанбе яке аз «дурдонаҳои меъморӣ» ва яке аз чойхонаҳои беҳтарини ҷаҳон номида шуд. Тибқи фарзияи шабакаи телевизионии амрикоӣ, чойхонаи Тоҷикистон дар сархати рӯйхати 11 чойхонаи беҳтарини ҷаҳон қарор гирифт.

Охири соли гузашта маълумотҳо мунташир шуда буданд, ки бар асоси барномаи навсозии симои Душанбе, қарор аст, чойхонаи “Роҳат”-ро дар чанд моҳи наздик тахриб кунанд. Зикр шуда буд, ки соли 2013 Нақшаи умумии рушди Душанбе тасвиб шуд, ки тахриби даҳҳо бинои сохти замони Шӯравӣ дар маркази шаҳр, аз ҷумла бинои театри Лоҳутиву Маяковский ва чойхонаи “Роҳат” пешбинӣ мекунад.

Чойхонаи "Роҳат” дар маркази пойтахт асри гузашта бар асоси тарҳи меъмори рус Константин Терлетский ва устои тоҷик Мирзораҳмат Олимов, сохта шуд ва соли 1956 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.