Ба ҷуз Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон, дигар ҳама ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон Созмони амнияту ҳамкории Аврупо (САҲА)-ро дар истифодаи сиёсати дугуна айбдор медонанд.

Дар изҳороти муштараки рӯзи 10 октябр интишоршудаи Ҳизбҳои халқии демократӣ, коммунистӣ, сотсиалистӣ, демократӣ, аграрӣ ва ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон ҳодисаи марбут ба эътирози ҷонибдорони ҲНИТ дар ҷаласаи рӯзи 19 сентябри САҲА оид ба ченаки инсонӣ дар Варшава маҳкум карда мешавад.

Раҳбарияти ин ҳизбҳо бар ин назар аст, ки минбари чунин чорабиниҳои муҳим набояд ба ҷонибдорони созмонҳои ифротгаро ва террористӣ, ки ҲНИТ ва «Гурӯҳи 24» дар Тоҷикистон чунин эътироф шудаанд, пешкаш шавад.

«САҲА ба сифати шарики ҳукумати Тоҷикистон набояд ба халалдор шудани сулҳу субот дар кишвари мо ва истифода аз сиёсати меъёрҳои дугуна роҳ диҳад, ки баъзан дар амалҳои ин созмони бонуфуз ба мушоҳида мерасад», - қайд мешавад дар изҳорот.

Аҳзоби сиёсии Тоҷикистон аз САҲА даъват ба амал овардаанд, ки ба ҳамкориҳо бо ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон густариш бахшад.

Ёдрас мекунем, ки нимаи дуюми моҳи сентябр дар Варшава машварати САҲА аз рӯйи масоили иҷрои уҳдадориҳо дар бахши ченаки инсонӣ ба кор шурӯъ намуд. Зимни машварати САҲА дар Варшава фаъолони Ҳизби фаъолияташ дар Тоҷикистон манъшудаи наҳзати исломии Тоҷикистон аксияи эътирозӣ доир намуданд. Талаби асосии эътирозгарон - аз зиндон озод кардани шахсоне аст, ки аксҳои онҳо дар либосашон тасвир ёфта буд.

Иштирокдорони Машварати САҲА аз рӯйи масоили иҷрои уҳдадориҳо дар бахши ченаки инсонӣ аз ин аксияи эътироз дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар доданд. Стив Свердлов, муҳаққиқи мушкилоти Осиёи Марказӣ дар созмони Human Rights Watch аксҳоеро аз ин аксия дар твиттери худ гузошт.


Рӯзи 20 сентябр бошад, Стив Свердлов гуфтааст, аз рӯи иттилои онҳо дар паи “эътирози хомӯшона”-и аъзои ҲНИТ дар нишасти САҲА дар шаҳри Варшава ҳудудан 50 хешу табори ин нафарон дар Тоҷикистон боздошт шуданд.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон зикр карданд, ки дар бораи ҳабси хешовандони иштирокчиёни «аксияи хомӯшонаи эътироз», ҷонибдорони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон зимни ҷаласаи САҲА дар Варшаве ҳеҷ огаҳие надоранд. Сардори маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон Умарҷони Эмомалӣ маълуот доир ба ҳабси хешовандону наздикони иштирокчиёни аксияро, ки дар Тоҷикистон иқомат доранд, рад кард.

Ҳамчунин мавриди зикр аст, ки дар ин робита созмони байнулмилалии ҳомии ҳуқуқи Human Rights Watch баёнияе интишор намуда, дар он зикр гардида буд, ки Тоҷикистон ҳоло дар умқи як бӯҳрони хеле шадиди ҳуқуқи башар қарор дорад ва ҳукуматҳо ва созмонҳои ҳамкори Тоҷикистон бояд вазъи бӯҳронии ҳуқуқи башар дар ин кишварро маҳкум кунанд.

Ҳамчунин қобили зикр аст, ки бинобар сабаби дар машварати дар Варшава ба ҳузури фаъолони ҲНИТ ва «ҷинояткорони мавриди ҷустуҷӯи байнулмилалӣ қарордошта» роҳ додан, ҳайати Тоҷикистон ин машваратро тарк кард.

Ғайр аз ин, дар робита ба ин қазия дар Тоҷикистон ҷавонон як қатор аксияҳои эътирозӣ барпо карданд. Рӯзи 27 сентябр гуруҳе аз ҷавонон бо як автобус ба назди хонаи Раҳматуллои Раҷаб, узви зиндонишудаи Раёсати Олии ҲНИТ дар кӯчаи Аттор 50 омада, хона ва дару деворашро бо тухмҳо зада, дар назди хонааш овезаву плакатҳоро оташ задаанд.

Чунин аксияҳо дар назди манзилҳои Саидумар Ҳусайнӣ, муовини маҳкумшудаи раиси ҲНИТ ва Сайид Абдулло Нурӣ, пешвои марҳуми ҲНИТ низ гузаронида шуданд. Ҷавон изҳор дошта буданд, ки фарзандони Ҳусайнӣ ва Нурӣ низ дар ҷаласаи зикршудаи САҲА дар Варшава ҳузур доштаанд.