Директори маркази таълими иловагии шуъбаи маорифи шаҳри Исравшан барои азхудкунии воситаҳои буҷет боздошт шуд.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз Раёсати ВКД Тоҷикистон дар вилояти Суғд хабар доданд, директори 47-солаи Марказ дар ҷараёни баргузории чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯии кормандони милитсия боздошт шудааст.

«Дар ҷараёни санҷиш ошкор шуд, ки боздоштшуда аз 1 апрели соли 2015 то имрӯз беш аз 25 ҳазор сомонӣ воситаҳои пулии барои таъмири мактабҳои шаҳр ҷудошударо азхуд ва ба эҳтиёҷоти шахсии худ масраф кардааст», - гуфт манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шуда, таҳқиқи он идома дорад.