Дар бинои факултаи Муштараки тоҷикию украинии Донишгоҳи Технологии Тоҷикистон Анҷумани “Ҷавонони рақамии шаҳри Душанбе” баргузор гардид. Қабл аз ин дар шаҳри Кӯлоб Анҷумани “Ҷавонони рақамии вилояти Хатлон” ва дар шаҳри Хуҷанд Анҷумани “Ҷавонони рақамии вилояти Суғд” доир гардиданд.

Бино ба гуфтаи директори «Маркази технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ» Талъат Нӯъмонов дар анҷуман 72 нафар доваталбон лоиҳаҳои худро пешниҳод намудаанд.

«Мо имкони муаррифии 30 лоиҳаро дар нақша доштем, вале бо назардошти шумори зиёди иштирокчиён, тасмим гирифтем, ки ба ҳама чунин имконро фароҳам созем, зеро мақсади асосии мо муаррифии идея/лоиҳаи худ ва дарёфти андешаҳои муҳим оид ба истифодаи ТИК дар ҳалли масоили иҷтимоиву иқтисодӣ аст», - гуфт ӯ.

Ба гуфтаи ӯ, муаллифи идеяи беҳтарин бо лоиҳаи «Хизматрасонии посухҳои ҷиддӣ ба суолҳои ҷиддӣ» Петр Бубентсов эътироф шуд. Лоиҳаҳои Мунира Ҳусейнова «Манбаи маълумотҳои Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон», Муҳамммадӣ Ибодуллоев - «Назорат ва идораи нақлёти ҷамъиятӣ дар шаҳрҳои бузург», Комил Раҷабов - «Коркарди муҳаррики озод барои шабакаҳои иҷтимоӣ», Шӯҳрат Акбаров - «Технологияи муосир барои табибони соҳибтаҷриба» ва Фарҳод Пӯлотов - «Низоми ҷустучӯӣ дар сомонаҳои ҷустуҷӯии Точикистон» аз беҳтаринҳо дониста шуданд. Ба ҳамаи ғолибон аз номи ширкати «Мегафон-Тоҷикистон» тӯҳфаҳои арзишманд тақдим гардиданд.

Қобили зикр аст, ки муаллифони барномаҳои беҳтарин дар лагери байналмилалии навовариҳои иҷтимоӣ (Social Innovation Camp – SICamp), ки моҳи майи соли ҷорӣ дар Қазоқистон баргузор мегардад, иштирок хоҳанд кард. Онҳо инчунин дар Анҷумани ҳарсолаи DYCA-и Осиёи Марказӣ ширкат меварзанд.

Созмондиҳандаи Анҷумани “Ҷавонони рақамии шаҳри Душанбе” Ташкилоти ҷамъиятии “Маркази Технологияҳои Информатсионӣ-Коммуникатсионӣ” мебошад. Анҷумани мазкур дар ҳамдастӣ бо Донишгоҳи Технологии Тоҷикистон, Факултаи муштараки тоҷикию украинии Донишгоҳи Технологии Тоҷикистон ва Мактаби мустақили рӯзноманигории “Тоҷикистон – асри XXI” гузаронида шуд.